Главная » Файлы » Мои файлы |
[ Скачать с сервера (134.0 Kb) ] | 25.03.2014, 09:36 |
Билети1 1)Химия илмест,ки моддахо,таркиб,хосият ва ба якдигар табдилёбии онхоро меомузад.Чизеро,ки предмет аз он таркиб ёфтааст,модда меноманд.Хосиятхои модда:Холати агрегати,ранг,буй,мазза,зичи,халшавандаги,гармигузарони,электргузарони,харорати гудозиш ва чушиш.2)Пайвастхои мураккабе,ки таркибашон аз атомхои металл ва як ё якчанд хидроксид иборатанд асосхо номида мешавад.Хосияти химияви:Асосхои халшаванда ва халнашаванда хосияти умуми доранд:онхо бо кислотахо ба реаксия дохил шуда,намак ва об хосил мекунанд.Аксари асосхо моддахои сахт мебошанд,ки халшавандагиашон дар об мухталиф аст.Асосхо дар рузгор ва саноат татбики васеъ доранд.Масалан хидроксиди калсий Ca(OH)2 ё ки охаки шукуфта ахамияти калон дорад.Ин хокаи сафед ковок аст.Хангоми бо об омехтани он масолехи бо ном шири охак хосил мешавад. Билети 2 1)Оксиген элементи химиявии аз хама пахншудаи кишри замин мебошад.0,21 хиссаи хачм ё ки 21%хаворо оксиген ташкил медихад.Оксиген ба таркиби аксарияти моддахое,ки Моро ихота кардаанд,дохил мешавад.Мисол:об,рег,аксари чинсхои кухи ва маъданхое,ки кишри заминро ташкил медиханд,оксиген доранд.Оксиген инчунин кисми мухими аксари пайвастхои органики ,масалан карбогидратхо мебошад,ки дар хаёти наботот,хайвонот ва одам нихоят ахамияти калон доранд.2)Моддаи мураккабе ки хидрогенхои онхо кобилияти бо металл ивазшавиро доранд,кислота номида мешавад.Хосияти физикави:Аксари кислотахо моеъхои беранганд.Хамчунин кислотахои сахт низ маълуманд:ортофосфат(H3PO4) метафосфат(HPO3).Аксарияти кислотахо дар об халшавандаанд.Мисоли кислотахои халнашаванда кислотаи силикат (H2SIO3).Хосияти химияви:1)бо индикаторхо,2)бо металлхо,3)бо оксидхои асоси намак ва об хосил мекунанд.4)бо асосхо намак ва об хосил мекунанд.5)бо намакхо.6)баъзе кислотахо хангоми гарм кардан тачзич мешавад.Чун коида оксиди кислотаги ва об хосил мешавад.Кислота 2-хел мешавад:1)оксигендор,2)беоксиген. Билети 3 1)Чадвали даврии Д.И.Менделеев аз хафт давр,дах катор ва хашт гурух иборат аст.Каторхои уфукии элементхоро,ки аз металлхои ишкори сар шуда бо газхои инерти ба итмом мерасанд, давр меноманд.Дар даврхои II ва III хаштои элемент мавчуданд.Дар вакти кашфи конуни даври танхо 63 элементи химияви маълум буд.Д.И.Менделеев ба 63 варакхо мачмуи хосиятхои элементхоро навишта,мувофики афзудани массаи атомиашон ба хати рост паси хам гузошт.Ахамияти он бамо бисёр калон аст,барои онки Менделеев ба мо чадвали даврии элементхоро сохта дод.2)Моддахои мураккабе ки аз ду элемент таркиб ёфтаанд ва яке аз онхо оксиген аст,оксидхо номида мешавад.Оксидхо 3-хел мешавад:Оксидхои асоси,оксидхои амфотери ва оксидхои кислотаги.Хосияти физикавии оксидхо гуногун аст.Баъзеи онхо моддахои газмонанд,дигарашон моэъ,сеюмашон сахт мебошанд.Хосияти химиявии оксидхо таъсири мутакобилаи онхо бо кислотахо ва асосхо мебошад.Оксидхои асоси бо кислотахо ба реаксия дохил шуда,намак ва об хосил менамояд. Билети 4 1)Моддахои мураккабе ,ки аз атоми металлхо ва бокимондаи кислотаги иборатанд,намак номида мешавад.Намакхо 4-хел мешаванд:1)миёна ё ки муътадил,2)турш,3)асоси,4)дучанда. Намакхо моддахои сахти гуногунранг мебошанд.Хлориди натрий ягона намаке мебошад,ки таъми Шур дорад.Халшавандагии намакхо дар об гуногун аст.Хосияти химияви:1)Намакхо бо металлхо ба реаксия дохил мешаванд.2)Намакхо бо кислотахо таъсир мекунанд.3)Намакхо дар махлулхои оби бо ишкорхо ба реаксия дохил мешавад.4)Намакхо бо намакхо ба реаксия дохил мешаванд.5)Баъзе намакхо дар вакти тафсонидан тачзия мешаванд.6)Баъзе намакхо кобилияти бо об ба реаксия дохил шудан ва хосил кардани крис-тологидратхоро доранд.
Билети 5 1)Моддахое,ки танхо аз як навъи молекулахо таркиб ёфтаанд,моддахои холис меноманд.Мод дахое,ки аз омехтаи якчанд навъи молекулахо таркиб ёфтаанд,моддахои омехта меноманд. Роххои чудо кардани моддахои омехтаи якчинса ва гуногунчинса:Якчинса:бухоршави,крис-тализатсия,дистилятсия,хроматография.Гуногунчинса:Тахшиншави,филтрони,таъсир бо маг-нит.2)Мол---микдори ченаки модда буда,адади заррахояш ба адади заррахои 12грамм атоми карбон баробар аст.Массаи 1-мол моддахоро массаи моляри меноманд ва бо харфи М ифода менамоянд. Билети 6 1)Реаксияи химиявиро ба 4 навъи асоси таксим мекунанд:Тачзия,пайвастшави,чойгири ва чойивазкуни.2)Сохахои асосии истеъмоли оксиген инхоянд:1)Металлургияи сиёх ва ранга,2)Кафшеркуни ва буриши металлхо,3)Саноати химияви,4)Барои нафаскаши,5)Истехсо- ли моддаи тарканда,6)Дар техникаи кайхони ва хавопаймои,7)Дар тиб,8)Оксидкунандаи су- зишхои мушакхо. Билети 7 1) Кобилияти ба адади муайяни як элемент пайваст шудани адади элементи дигарро валент меноманд. Элементхои химияви бо нисбатхои муайян ба хам пайваст мешаванд.Мисол,охан бо сулфур бо нисбати 7:4,мисс ва сулфур бо нисбати 2:1 ва хидрогену оксиген бо нисбати 1:8 ба реаксия дохил мешаванд.Мафхуми калимаи валент-микдор,адад,арзишро мефахмонад.Дар вакти муайян кардани валенти элементхо аз руи формулаи пайвасти додашуда ва ё тартиб додани формулаи химияви ба се конуни валентноки бояд риоя кард:1)Валент адади бутун буда,аз хашт зиёд намешавад.2)Агар пайвасти аз ду элемент иборат бошад адади валентхояш бо хам баробаранд.3)Агар пайвасти оксигендор аз якчанд элементхо иборат бошад,адади валентхои элементхои бокимонда ба адади валентхои оксиген баробар аст.2)Масъалаи таркиби хаво дар илм якбора хал нашудааст.Соли 1774 олими фаронса А.Лавуазе исбот кард,ки хаво асосан омехтаи ду газ-нитроген ва оксиген аст.Дар охирхои асри XIX бо рохи тачрибахо исбот намуданд,ки ба таркиби хаво гайр аз оксиген ва нитроген боз 5 моддаи соддаи гази:гелий,аргон,криптон,ксен он ва неон.Хиссаи хачми ин газхо дар таркиби хаво 1% ро ташкил медихад. Билети 8 1)Аз мафхуми электроманфияти элементхо истифода намуда,навъи банди химиявиро дар пайвастпешгуи карданмумкин аст.Се холати хосил шудани банди химиявиро фарк мекунанд 1)Дар байни атомхои элементхое,ки электроманфияташон якхела аст.2)Байни атомхои элементхое,ки электроманфияташон кам фарк мекунанд.3)Байни атоми элементхое,ки электроманфияташон бисёр фарк мекунанд.Банди химиявие,ки аз хисоби чуфти электронхо хосил шудааст,банди атоми ё коваленти номида мешавад.Банди байни ионхоро банди иони меноманд.Банди химиявиеро,ки дар натичаи кашиши электрики байни ионхои металл ва электронхои умумишуда хосил мешавад,банди метали меноманд.2)Аз тамоми халогенхо хлор ахамияти калон дорад.Барои дар холати озод хосил кардани хлор ионхои онро оксид кардан лозим аст:2CL—2E—2CL0,2СL0—CL2.Дар шароити лаборатори хлорро аз кислотаи хлорид бо таъсири оксидкунандахои кави хосил менамоянд.Бисёртар оксиди манган (MnO2) ё ки перманганати калий (KMnO4)ро истифода мебаранд.Хлорро дар хочагии халк васеъ истифода мебаранд.Хлорро барои безарар гардонидани оби нушоки ва хамчунин сафед кардани матоъ,девор ва когаз истифода мебаранд. Билети 9 1)Хангоми реаксияхои химияви моддахои ибтидои ба моддахои интихои ,ки хосиятхои дигар доранд,табдил меёбанд.Яъне дар натичаи реаксияи химияви аз як модда моддаи дигар хосил мешавад,ки он аз руи таркиб,хосият ва сохт аз моддаи аввала ба кули фарк мекунад.Хосил шудани моддаи навро аз руи аломатхои гуногун:тагйир ёфтани ранг,хорич кардан ё фуру кашидани гарми,пайдо шудани буй,хосил гаштани тахшин ва хорич шудани газ маълум кардан мумкин аст.2)Аломати химиявии элементи гидроген-H,массаи нисбии атомиаш-Ar(H),формулаи химиявиаш H2,массаи нисбии молекулавиаш Mr(H2)=2,016 буда,дар пайвастагихояш яквалента аст.Гидроген дар табиат васеъ пахн шудааст:вай ба таркиби об ва хамаи моддахои органики дохил мешавад ва дар холати озод дар баъзе газхои табии мавчуд аст.Хиссаи массаи гидроген дар кишри замин 1%-ро ташкил медихад.Тадкикоти илми нишон медихад,ки дар кабатхои поёнии атмосфера гидроген нихоят кам буда,вале дар баландии 50км он аз руи хачм 3% аст,дар баландии 100км бощад,такрибан 95% мебошад.Гидогенро инчунин аз чумлаи элементхои фаровонтарини кураи замин хисобидан мумкин аст.
Билети 10 1)Об моддаи мураккабест,ки дар руи замин аз хама зиёдтар пахн шудааст.Вай дар ин ё он намуд дар хама чойхо мавчуд аст.70,8% сатхи заминро укёнусхо,бахрхо,кулхо ва дарёхо фаро гирифтаанд.Такрибан1/5 хиссаи вазни хокро об ташкил медихад.Хама хурокворихо нз об дорандбадани одами миёнсол такрибан 70% ва бадани одами хурдсол аз ин хам зиёдтар об дорад.Об ин мучизаи хаёт аст,ва бе об зиндаги карда намешавад.Бе об хаёт нест гуфтаанд.Хосияти физикави:Оби холис-моеи шаффофи беранг,бебуй ва бемаза буда,дар 100градус (дар фишори 101,3кПа)мечушад,дар 0градус ях мекунад,зичии он (дар+4градус)ба 1г/см баробар аст.Об гармигунчоиши нихоят зиёд дорад.бинобар ин охиста гарм ва хунук мешавад.Об дар табиат дар се холати агрегати(моеъ,сахт ва газ)дучор мешавад ва хамеша дар гардиш аст.Хосияти химияви:Тахти таъсири чараёнии доимии барк ё ки харорати баланд(2000градус)об ба гидроген ва оксиген тачзия мешавад.Об бо аксари моддахои мураккаб ба реаксияи пайвастшави дохил мешавад.Ба косачаи чини камтар оксиди калсий CaO(охаки ношукуфта) мегиранд ва ба он об мерезанд.Дар ин вакт микдори зиёди гарми хорич мешавад,зеро реаксияи химияви ба амал меояд.Дар натича хокаи ковок хосил мешавад,ки хангоми дар об хал кардани он махлули собунмонанд ба даст меояд. CaO+H2O-------------Ca(OH2)+Q 2)Моддаи сузандае,ки бо максади истифодаи энергияи хоричшаванда сузонда мешаванд.сузишвори ном доранд.Сузишвори се хел мешавад:сахт,моеъ ва гази.Ба сузишвории сахт дохил мешавад,ангишт, торф,чубва гайра.Ба сузишвории моеъ дохил мешавад,бензин,нефт ва гайра.Ба сузишвории газ дохил мешавад,пропан,мета н ва гайра.Дар саноат сузишвории сахтро дар оташдонхои бефосила амалкунанда месузанд.Принсипи бефосилаги тавассути панчараи оташдон ба амал оварда мешавад,ки ба он бефосила сузишвории сахт ворид мешавад.Барои сузишвории гази хаворо низ ба оташдон ба воситаи найчаи метали медиханд.Хангоми аз найчаи метали баромадани омехтаи гази онро месу зонанд.Барои сухтани сузишвории гази оташдонхои сафолини махсусро истифода мекунанд. Билети 11 1)Системаи якчинсае,ки аз якчанд компонентхо иборат буда ,яке халкунанда ва дигаре халшаванда аст,махлул меноманд. Таснифоти махлулхо аз ду чихат ба рох монда шудааст:1)аз хисоби андозаи заррахои халшаванда,2)аз хисоби микдори моддаи халшуда.Заррахои моддаи халшаванда дар махлулхои хакики бо чашми одди дида намешаванд,дар холати ором нигох доштан ба кисмхои таркиби чудо намешванд ва эффекти тиндал хосил намекунанд.Мисол,махлулхои обии шакар,нам аки таом,спирт,перманганати калий,дахани фаранг,оби табии,оби газнок ва гайра.Махлулхо 3-хел мешаванд:1)Хакики,2) Коллоиди,3)Дисперси ва дар хамин чо махлули дисперсии ба ду кисми дигар таксим мешавад:1)Суспензия,2)Эмулсия.2)Ма ълум шуд,ки электронхо дар атомхо захираи гуногуни энергия доранд ва онро бо микдори муайян чазб менамоянд ё меафкананд,ки он КВАНТ ном дорад.Кимати энергияи электрон дар атомхо бо адади кванти асоси ифода мешавад.Адади мазкур киматхои бутуни 1,2,3,4 ва монанди инхо кабул менамояд.Электронхое ки онхо захираи энергияи камтарин доранд (n-1),дар кабати энергетики ё ки кабати электронии якум вокеанд.Гузариши электрон аз як холати кванти ба дигараш бо тагйирёбии номураттаби энергия вобаста аст.Дар ин вакт электронхо метавонанд ба кабатхои энергетики дуюм ва нисбатан дуртар гузаранд.Адади калонтарини электронхо (N)дар кабати энергетики аз руи формулаи N=2xN2 муайян карда мешавад, ки дар инчо n-адади кванти асоси мебошад. Билети 12 1)Аз мавкеи назарияи сохти атом ба металлхо ва гайриметаллхо тааллук доштани элументхо аз руи кобилияти электронди хи ва ё электронпайвасткунии атоми онхо дар реаксияхои химияви муайян карда мешавад.Он,элементхое ки бештар хосия ти метали зохир менамоянд атомхояшон электронхоро бо осони медиханд.Баръакс хосиятхои гайриметали дар он элемент хое зиёдтар ифода ёфтаанд,ки атомхои онхо электронхоро фаъолона пайваст менамоянд.Кобилияти дар молекулаи моддахо ба атомхои элементхои химияви чазб шудани электронхоро электроманфият меноманд.Кимати ададии электроманфият дар чадвал тахминист.Электроманфияти элементи фтор аз хама зиёд аст:он ададан ба 4 баробар аст.2)Дар лаборатория хосил кардани оксиген:1 августи соли 1774 нахустин маротиба олими англис Чон Пристли дар натичаи тафсонидани оксиди симоби(II)хаворо хосил кард:2HgO=2Hg+O2Олим барои омузиш ба гази хосилшуда алангаи шамъро наздик кард.Шамъ дар хаво ба шуълаи чашмхиракунанда сухта,олимро дар хайрат гузошт.Дар лабораторияи мактаби оксигенро бештар хангоми гарм кардани перманганати калий (KMnO4)хосил мекунанд.Дар ин вакт чунин реаксияи химияви ба амал меояд:2KMnO4 --------K2MnO4+MnO2+O2.Оксигени дар ин реаксияхо хоричшударо бо усули баровардани хаво ё ки дар болои об чамъ кар дан мумкин аст.Инчунин оксиген аз чунин моддахо хосил карда мешавад:1)2H2O--------2H2+O2,2)2KClO3----2KCl+3O2 ,3)2NaNo3------2NaNo2+O2,4)2H2O2-----2H2O+O2.Дар саноат:Дар саноат оксигенро аз хаво,ки омехтаи гуногуни газхо аст, хосил мекунанд;кисми асосии таркиби хаво нитроген ва оксиген мебошад.Барои хосил кардани оксиген хаворо тахти фи шор ба моеътабдил медиханд.Азбаски харорати чушиши нитрогени моеъ(-193градус)аз харорати чушиши оксигени моеъ (-183градус)паст аст,пас нитроген бухор мешавад ва оксигени моеъ боки мемонад.Оксигени газмонандро тахти фишори 15 МПа дар зарфхои пулоди нигох медорад. Билети 13 1)Оксидхо хангоми :1)сухтани моддахои сода ва мураккаб;2)тачзияи моддахои мураккаб:а)асосхои халнашаванда;б)кислота хо; в)намакхо хосил мешаванд.Аз моддахои як синф моддахои синфи дигарро хосил кардан мумкин аст.Ин гунна робитаро робитаи генетики (аз юнони «генезис»-пайдоиш) меноманд.Робитаи тарафайни моддахои чудогонаро ба тарики зерин тас вир кардан мумкин аст:Ca-----Cao-----Ca(OH)2--------Ca3(Po4)2 P-----P2O5----------H3PO4-----------Ca3(Po4)2.Мисоли мушаххаси робитаи мутакобилаи хосилшавии синфхои пайвастхои гайриорганикиро хангоми ба хамтаъсиркунии оксидхои сулфур(VI)ва калсий бо об дида мебароем.CaO+H2O+SO3 Ca(OH)2 +H2SO4.Дар накшаи додашуда оксиди кислотаги (S03) бо об ба реаксия дохил шуда кислота (H2SO4)хосил намудааст.Мутобикан оксиди асоси (CaO)бо об ба реаксия дохил шуда асос хосил мекунад.хангоми ба кислота таъсир намудани асос намак(CaSO4)ва об (H2O)хосил мешавад. Билети 14 1)Ба формулаи химияви ифода кардани реаксияхои химиявиро муодилаи химияви меноманд.Аз руи муодилаи химияви мулохиза рондан мумкин аст,ки кадом моддахо ба реаксия дохил мешаванд ва кадом моддахо хосил мешаванд.Дар вакти тартиб додани муодилаи реаксияхо ин тавр рафтор мекунанд.Дар кисми чапи муодила формулаи моддахои ба реаксия дохи лшавандаро менависанд ва сипас тирча мегузоранд.Агар махсули реаксияи моддаи хосилшуда холати агрегатиаш газ бошад баъд аз формула аломати тирчаи ба боло равона карда ва агар махсули моддаи хосилшуда тахшин шавад,баъд аз формула аломати тирчаи ба поён равона карда гузошта мешавад.Муодилаи химиявиро истифода бурда хисоббарорихои гуногунро ичро менамоянд.Хангоми хисоббарорихои химияви бояд тарафи чап ва рости муодилаи химиявиро баробар намуд.2)Банди химиявие ки аз хисоби чуфти электронхо хосил шудааст,банди коваленти номида мешавад.Банди коваленти 2-хел мешавад: банди ковалентии кутбнок ва банди ковалентии бекутб.Банди химиявие,ки аз хисоби чуфти электронии атомхои электроманфияташон якхела хосил шудааст,банди ковалентии бекутб меноманд.Банди химиявие,ки аз хисоби чуфти элект ронии атомхои электроманфияташон кам фарккунанда хосил шудааст,банди ковалентии кутбнок меноманд. Билети 15 1)Реаксияхои химиявие,ки дар онхо дарачаи оксидшавии элементхо тагйир меёбад,реаксияхои оксиду баркароршави меноманд.Атомхо,молекулахо ё ионхое,ки электрон медиханд,баркароркунанда номида мешавад.Атомхо,молекулахо ё ионхое,ки электрон пайваст мекунанд,оксидкунанда номида мешаванд.Раванди оксидшави ва баркароршави акси хамдигар буда як элемент чанд адад электрон дода оксид шавад, элементи дигар хамон микдор электронро кабул карда баркарор мешавад.2)Хосияти физики:Гидроген гази беранг,бебуй ва бемаза мебошад.Вай аз хаво (1л он 0,09г вазн дорад)14,5 мароти ба сабук аст,бинобар ин агар хубобхои собунро бо гидроген пур кунем пас онхо ба боло мебароянд.Халшавандагии гидроге н дар об кам мебошад,харорати моеъшавии он хеле паст аст.Хосияти химияви:Хидроген бо оксиген пайваст мешавад.Агар хидрогенро сузонем ва найчаи хидрогенаш фурузонро ба зарфи оксигендор дарорем,дар деворхои зарф катрахои об пайдо мешаванд:2H2+O2-----2H2OХидрогени бегаш охиста месузад.Аммо омехтаи хидрогену оксиген ё ки хаво тарканда аст.Оме хтаие,ки аз ду хачм оксиген иборат аст гази тарканда номида мешавад.Яке аз пайвастагихои мухимтарини химиявии хлор хлориди гидроген мебошад,ки он бо рохи сунъи хосл карда мешавад.Дар байни пайвастагихои гидрогении хамаи галогенхо хусусан хлориди гидроген ва махлули обии он кислотаи хлорид ахамияти калон дорад.Формулаи химиявии хлориди гидро ген HCI,формулаи электрониаш H:CI ва формулаи стурктурии он H-CI мебошад.Банди химияви дар молекулаи хлориди гидроген ковалентии кутби аст(чуфти электрони ба суи атоми элементи электроманфигиаш зиёдтар-атоми хлор кашида шудааст) Билети 16 1)Шумо реаксияи химиявии байни кислотахоро бо металл ва оксиди металлхо омухта,аллакай медонед,ки дар ин маврид намаки метали дахлдор хосил мешавад.Аосхо хам дар таркибашон метал доранд ва бо кислотахо ба реаксия дохил шуда , намак хосил мекунанд.Ба махлули гидроксиди натрий махлули кислотаи сулфат илова мекунем.Махлул беранги шаффоф мемонад,вале даст расонда муайян кардан мумкин аст,ки дар ин вакт гарми хорич мешавад.Пас дар байни ишкор ва кислота реаксияи химияви ба амал омадааст.Махлуле ки ишкору кислота надорад,махлули нейтрали номида мешавад.Реаксияи байни кислота ва асосро,ки дар натичаи он намак ва об хосил мешавад,реаксияи нейтрализатсия меноманд.2)Хангоми исти фода кардани махлулхо донистан мухим,аст ки дар ин ё он махлул чи микдор моддаи халшуда мавчуд аст.Нисбати массаи моддаи халшуда ба массаи умумии махлул хиссаи массаи моддаи халшуда номида мешавад.Хиссаи массаро одатан бо хиссахои вохид ё фоиз (1%ё 0,01 хисса)ифода менамоянд.Агар хиссаи массаи моддаи халшуда масалан, хлориди натрий дар об ба 0,2 ё 20% баробар бошад,пас ин чунин маъно дорад,ки дар 100гр махлул 20гр хлориди натрий ва 80гр об мавчуд аст. Билети 17 1)Реаксияхои химияви дар шароитхои гуногун мегузаранд.Дар аксари мавридхо,масалан хангоми сузиши бензин,гази табии ва дигар моддахои сузанда,гармкуни танхо барои ба вучуд омадани реаксия лозим аст.Дар ин реаксияхо гарми хория мешавад.Реаксияхое,ки бо ихрочи гарми мегузаранд,реаксияхои экзотерми(«экзо»-берун)номида мешаванд.Реаксияхое,ки бо чазби гарми мегузаранд,реаксияхои эндотерми(«эндо»-дарун)номида мешавад.Микдори гармие ки хангоми гузаштани реаксияхои химияви хорич ё фуру бурда мешавад,эффекти гармии реаксия ном дорад.2)Чумхурии Точикистон яке аз манбаъхои захираи оби нушоки ба хисоб меравад.Куххои СА ба фалак кашидаи Точикистон,ки сарпуши пиряххои азимчус са дорад, тавлидгари об ба хисоб мераванд.Бидуни ин дар Точикистон зиёда аз 200 чашмахои оби минерали мавчуд аст,ки аксари онхо хусусияти шифобахши доранд.Харорати обхои минералии Точикистон якхела набуда,вобаста ба тарзи пайдо иш ва дар кадом сатхи замин чойгир шуданашон чор навъ мешаванд:1)Чашмаи сард(харораташон то 20) 2)чашмахои муъта дил(харораташон аз 20 то 37) 3)чашмахои гарм(термали аз37 то 42) 4)чашмахои чушон(гармчашмахо аз 42 боло). Билети 18 1)Моддахоеро,ки аз як навъи атомхо тарки ёфтаанд,моддахои сода меноманд.Мисол:Молекулаи оксиген аз ду атоми оксиген ва молекулаи хидроген аз ду атоми хидроген иборат аст.Моддахоеро,ки аз якчанд навъи атомхо таркиб ёфтаанд,мо ддахои мураккаб меноманд.Моддахои мураккабро бо дигар ибора пайвасти химияви меноманд.Мисол:Молекулаи об аз ду атоми хидроген ва як атоми оксиген,молекулаи намаки таом аз атоми натрий ва як атоми хлор таркиб ёфтааст.2)Дар асоси конуни доимияти таркиби моддахо формулахои химиявиро тартиб додан мумкин аст.Ба аломатхои химияви ва индексхо ифода кардани таркиби химиявии моддаро формулаи химияви меноманд.Массаи молекула ба монанди массаи атом,бо вохиди атомии масса ифода карда мешавад.Массаи молекулавии модда –нисбат ба 1/12 хиссаи массаи атоми карбон чи кА дар зиёд буданашро ифода мекунад.Бузургии массаи молекулавии нисби беандоза буда,бо харфи Mr ифода карда мешавад. Формулаи химиявиро истифода бурда,хисоббарорихои гуногунро ичро менамоянд. Билети 19 1)Хамаи моддахои дар табиат мавчудбуда ба тагйиротхо дучор меоянд.Масалан,боридани борон,ях бастани об,дар об хал шудани намакхои минерали,сухтани сузишвори,занг задани металхо,туршшавии шир ва амсоли онхо.Хамаи тагйиротхое,ки дар олами гирду атроф руй медиханд,ходиса ном дорад.Ходисаи физики:Ходисае ки дар натичаи он аз як модда моддаи дигар хосил намешавад,ходисаи физики меноманд.Дар ходисаи физики одатан холати агрегати ё шаклашон тагёир меёбад. Мисол:Гудохташавии металл,ё ях кардани об,пора кардани бур.Ходисаи химияви:Ходисае ки дар натичаи он аз як модда мо ддаи дигар хосил мешавад,ходисаи химияви меноманд.Ходисаи химиявиро бо дигар ибора реаксияи химияви меноманд.Ми сол :Сухтани сузишвори,пусидани моддаи органики,занг задании метал,туршшавии шир,фотосинтез.2)Асосхои дар об хал шаванда ё ишкорхо аз таъсири мутакобили металлхои фаъол бо об хосил мешаванд.Ба таркиби асосхои дар об халнашаван да ,чун коида,металлхое дохил мешаванд,ки дар шароити мукаррари бо об ба реаксия дохил намешаванд. Билети 20 1)Конуни бакои масса новобаста аз М.В Ломоносов хеле дертар(1789) аз тарафи химики фаронса А.Лавуазе мукаррар шуда буд.Дурустии Конуни бакои массаи моддаро дар тачрибаи одди низ собит кардан мумкин аст.Ба колба камтар фосфори сурх меандозанд,бо пук онро махкам карда,дар тарозу бармекашанд.Сипас колбаи фосфордорро охиста мекунанд.Ба амал омада ни реаксияи химиявиро аз руи пайдо шудани худ дар колба,ки он аз заррахои оксиди фосфор иборат аст,мухокима меронанд.Хангоми дубора бар кашидан бовар хосил мекунанд,ки дар натичаи реаксия массаи мода тагйир наёфтааст.Аз нук таи назари таълимоти атому молекула Конуни бакои масса чунин шарх дода мешавад:Дар натичаи реаксияхои химияви ат омхо нест ва пайдо намешаванд,танхо гурухбандии онхо ба амал меояд.2) Аксари кислотахои оксигендорро дар натичаи таъ сири мутакобилаи ангидритхо бо об хосил менамоянд.Масалан:SO3+H2O=H2SO4; N2O5+H2O=2HNO3.Агар ангидрит дар об халнашаванда бошад,онгох кислотаи ба он мувофикро бор охи бавосита:бо таъсири кислотаи дигар ба намаки дахлдор хосил мекунанд.Масалан:H2SO4+NA2SIO3=H2SIO3+NA2SO4.Кислотахои беоксиген бо рохи синтез аз гилрогену гайриме талл ва бо минбаъд дар об хал намудани пайвастагии гидрогени хосил карда мешаванд.Инхо кислотахои фторид,хлорид,бро мид, ва гайра мебошанд. Билети 21 1)Эквивалент калимаи лотини буда,маънои лугавиаш баробаркимат ё баробарарзиш мебошад.Микдори муайяни элементро, ки ба 1 мол атомхои гидроген,пайваст ва хамон микдор атомхои гидрогенро дар реаксияхои химияви иваз менамояд,экви валенти химиявии элемент меноманд.Массаи эквивалент ибо г/мол ифода меёбад.Массаи эквиваленти ин массаи 1 эквива ленти модда мебошад,ки бо г/мол чен карда мешавад.Мафхуми эквивалент ва массаи эквиваленти барои пайвастхо истифо да карда мешавад.Мафхуми эквивалент дар химия ахамияти калон дорад,зеро бо ёрии он яке аз конунхои асосии химия-ко нуни эквивалентхо тавсиф меёбад:Моддахо бо хамдигар бо микдоре ба реаксия дохил мешаванд,ки ба эквиваленти химияв ии онхо мутаносиб мебошад.2)Барои мухофизат кардани хавои атмосфера мо бояд ба тозаги риоя намоем.Ба чойхои чамъи яти когазпорахо напартоем.Ба чуйхо хар гуна ифлосихоро напартоем.Умуман хамин,ки хаворо ифлос накунем. Билети 22 1)Барои хосил кардани сулфиди охан,мо охан ва сулфурро бо хиссаи массаи 7:4 омехта кардем.Агар хокаи охан ва сулфуро дар нисбати массаи дигар,масалан,10г оханро бо 4 г сулфур омехта намуда гарм кунем,он гох реаксияи химияви ба амал ме ояд,вале ба микдори изофаги 3г охан боки мемонад.Инчунин дар рафти хамаи реаксияи химияви моддахо бо нисбатхои муайян бо хам таъсир мекунанд.Бинобар ин таркиби пайвастхои химияви доими аст.Пас саволе ба миён меояд ки заминаи асосии ин конуният дар чист ва барои чи махз бо нисбати 7:4 ба хам таъсир мекунад? Дар вакти хосил шудани молекулаи су лфиди охан як атоми охан,бо як атоми сулфур пайваст мешавад.Кимати ададии массахои атомии охан ва сулфурро ба назар гирифта,фахмидан душвор нест,ки чаро ин элементхо бо нисбати массаи 7:4 пайваст мешавад,яъне:Ar(Fe):Ar(S)=56:32=7:4. Аксари пайвастхои химияви таркиби доими доранд.Конуни доимияти таркиби моддахо аз тарафи олими фаронса Пруст сол хои 1799-1806 кашф карда шуда буд ва мухтасаран чунин таъриф дода мешавад:Таркиби моддахои химияви доими буда,ба роххои хосил кардани он вобастаги надорад.Дар асоси конуни доимияти таркиб хисоббарорихои гуногунро ба анчом расонидан мумкин аст.2)Хосияти физикави:Хлор дар шароити мукаррари гази рангаш зарди сабзтоб буда буи тези хафаку нанда дорад,кариб 2,5 баробар аз хаво вазнинтар аст.Дар харорати хона дар як хачм об 2,5 хачм хлор хал мешавад,ки онро «хлороб»меноманд.Хосияти химияви:Хлор ба моддахои сода ва ба моддахои мураккаб таъсир мекунад.Ба моддахои сода дохил мешавад:металлхо ва гидроген.Ба моддахои мураккаб дохил мешавад:об,ишкор ва халогенид. Билети 23 1)Об моддаи багоят пахншудаи руи замин аст.Укёнусхо,бахрхо,кулхо ва дарёхо бо он пур шудаанд;бугхои об ба таркиби хаво дохил мешаванд.Об дар узви хайвоноту наботот мавчуд аст.Оби табии хамеша гаш дорад.Вобаста ба максади истифо даи онхо усулхои мухталифи тозакуниро истифода мебаранд.Барои обро аз моддахои дар он халшуда тоза кардан аз тактир (дистиллатсия)истифода мебаранд.Микдори зиёди оби дистиллат,ки дар дорухонахо,лабораторияхои химияви,системахои хунуккунии мощинхо истифода мешаванд,дар кубурхои тактир ё ки дистилляторхои барки хосил карда мешавад.2)Реаксия хое ки дар натичаи онхо намакхо хосил мешаванд,якчанд бор дар фаслхои пешина муоина шудаанд.Акнун ин маълумотро ба тартиби муайян меорем.1)Хангоми ба кислотахо таъсир намудани металлхо,оксидхои асоси ва асосхо намакхо хосил мешаванд.2)Хангоми ба реаксия дохил шудани оксидхои кислотаги ва ишкорхо,хамчунин оксидхои кислотаги ва оксидхои асоси намакхо хосил мешаванд.3)Хангоми ба намакхо таъсир намудани кислотахо,ишкорхо,металлхо ва оксидхои кислотагии бухорнашаванда намакхои нав хосил мешаванд.4)Хангоми бахамтаъсирии ду намак,намакхои нав хосил мешаванд,ба шарте ки яке аз намакхои хосилшаванда тахшин шавад.5)Хангоми бахамтаъсирии металл ва гайриметалл намак хосил намудан имконпазир аст. Билети 24 1)Барои тартиб додани формулаи химияви валенти элементхоеро,ки пайвасти химияви хосил мекунанд,донистан зарур аст. Бо валенти доими Н(1) Na(1)К(1)H2O,Na20 ва K2O мебошад.Бо валенти тагйирёбанда:Cu(1),(11)Fe(11)(111) Cu2O,CuO, FeO Fe2O3.P(111) ва (V) P2O5 аст.Ба мо маълум бошад,ки валентнокии фосфор дар пайвасташ бо оксиген ба Панч баробар аст. 2)Хачми 1 моли газхо хачми моляри номида шуда,бо харфи Vmифода карда мешавад.Хачми молярии моддахои моеъ ва СА хт ба зичии онхо вобастаги дощта,хачми молярии моддахои гази ба харорат ва фишор вобастаги дорад.Олими бузурги итол ёи.У яке аз асосгузорони таълимоти атом ва молекула мебошад.Дар асоси тачрибахои бисёркарата яке аз конуни газиро кашф намуд,ки бо номи Конуни Авогадро маъруф аст.1 моли хидроген H2(2г),1 моли оксиген О2(32г),1 моли озон О3(48г) 1 моли гази карбонат СО2(44г) дар шароити муътадил хачми якхела доранд.Ин хачм ба 22,4л баробар буда,адади заррахояш 6,02х10 23 мебошад. Билети 25 1)Дар куххои Ч.Т микдори зиёди намакхо мавчуданд.Яке аз намакхои пахншудатарин ва сермасрафтарин намаки таом мебошад.Шумораи крнхои ин навъи намак дар Точикистон бещ аз 50 ададро ташкил медихад,ки калонтарини онхо конхои Шурбел дар Вилояти Худмухтори Бадахшони Кухи,Тутбулок дар нохияи Ёвон,Хочасартез ва Хочамуъмин дар нохияи Кулоб ва гайра.Захираи умумии конхои намаки ошии Точикистон талаботи чахонро дар муддати 400 сол конеъ мекунад.Ди гаре аз намакхои пахншуда охаксанг(СаСо3)ба шумор меравад.Дар Ч.Т охаксанг бештар дар каторкуххои Курама,Зарафшон Хисор,Туркистон,Каромазор ва куххои Дарвозу Помир вомехурад. Намакхоеро ки дар таркибашон молекулахои об доранд Кристологидрат меноманд.2)Металхо хангоми зарба задан танхо пачак мешаванд.Онхо чараёни электрикиро мегузаронанд. Билети 26 1)Д.И.М-яке аз бузургтарин олимони дуне буда,27 январи с.1834 дар шахри Тоболск дар оилаи директори гимназияи маха лли таваллуд шудааст.Менделеев фарзанди хурди оила (17-умин) ба хисоб меравад.Маълумоти ибтидоиро дар гимназияи махали гирифтааст.Пас аз хатми гимназия Д.И.М ба институти педагогии Петербург дохил ва онро соли 1857 бо медали тилло хатм кардааст.С.1859 Д.И.М рисолаи магестериро химоя намуда ба муддати 2 сол барои кори илми ба хорича фирис тода шуд.Пас аз бозгаштан у аввал профессори институти технологии Петербург ва сипас профессори универстет гардид ва ба корхои илми машгул шуд.Солхои охири умрашро дар палатаи асосии ченак ва вазн кор кард.Комёбии бузургтарини Д. И. М кашфи Конуни даври ва бунёди чадвали даврии он мебошад.Асари буурги Д.И.М «Асосхои Химия» мебошад,ки дар асо си Конуни даври навишта шудааст.2)Реаксияи байни ишкорхо ва оксидхои кислотаги.Ба мо аллакай маълум аст,ки оксиди металлхо ба кислотахо ба реаксия даромада об ва намак хосил мекунанд,ки онро реаксияи нейтрализатсия меноманд.Дар ин реаксия кислота ва ишкор якдигарро нейтрал мекунад ва дар натичаи он моддахое ки хосил мешаванд на ба кислота монанд асту на ба ишкор.Мохияти ин реаксия аз ин иборат аст,ки атомхои натрий ва гидрогени кислота бо гидроксиди асос пай васт шуда молекулаи обро хосил мекунад ва атоми натрий бо бокимондаи кислотаги пайваст шуда намак хосил мекунад. Билети 27 1)Корхонахои саноати химиявии Ч.Т:Дар Ч.Т якчанд корхонахои хурду калони химияви мавчуд аст:яке аз корхонахои кА лонтарини Ч.Т ин заводи арзизи точик мебошад,ки алюминий хосил мекунад ва дар чумхури ягона мебошад.Дар Точикистон боз корхонаи истехсоли намаки оши дар нохияи Ашт мавчуд аст,ки ин корхона ахамияти калон дорад.Аз кор хонахои хурд бошад,химзавод,металлургияи ранга ва якчанд корхонахои дигар.2)Шартхои ба вучуд овардани сухтор ва роххои хомуш кардани онхо:барои он ки сузиш сар шавад ду шарт зарур аст:1)гарм кардани моддаи сузанда то харорати афзузиш 2)дохил шудани оксиген.Харорати афрузиши моддахо гуногунанд.Сулфур ва чуб дар харорати 270градус ангишт 350градус дар мегирад.Барои хомуш кардани сузиш бояд моддаро то харорати пасти афрузиш хунук кард ё воридшавии оксигенро катъ кард. Билети 28 1)Коидахои техникаи бхатари хангоми дар кабинети химия кор кардан:Мухтасари онхо:1)Моддаро ба даст гирифтан ва мА заи онро чашидан мумкин нест.2)Хангоми муайян кардани буги модда зарфро ба руй наздик овардан мумкин нест.3)Бе ни шондоди муаллим моддахои ба мо номаълумро омехта кардан мумкин нест.4)Хангоми ичро кардани тачрибахо аз микдори ками моддахо истифода бурдан лозим.5)Хангоми кор бо кислотахо ё ишкорхо кор кардан бояд эхтиёт шуд,агар ба либоса мон чакад бояд зуд онро шуем.6)Хангоми ба кислота об илова кардан бояд кислотахоро охиста бо чараёни борик ба об рех тан лозим аст.7)Хамеша танхо аз зарфхои тозаи лаборатори истифода бурд.8)Бокимондаи моддаро боз ба зарфи моддаи тозадошта набояд андохт ва нарехт.2)Фазои атрофи ядро.ки дар он эхтимолияти мавчуд будани электрон аз хама зиёд аст,ор битал номида мешавад.Электронхо аз ядро дар масофаи гуногун чойгир шуда,кабатхои электрониро хосил мекунанд.Маъ лум карда шудааст,ки электронхо дар атомхо захираи гуногуни энергия доранд,ки онро ба микдори муайян чазб менамоянд ё меафкананд ва квант ном дорад.Аз кимати адади квантии асоси n=2 сар карда,кабатхои электрони ба зеркабатхо чудо мешаванд,ки аз хамдигар бо энергияи банд,бо ядро фарк мекуанд.Адади зеркабатхо ба кимати адади квантии асоси баробар аст:кабати электронии якум як зеркабат,дуюм ду,сеюм се ва чорум чор зеркабат дорад ва гайра.Зеркабатхо дар навбати худ аз орбиталхо иборатанд.Зеркабатхоро бо харфхои лотини ишорат мекунанд:s----зеркабати якуми ба ядро наздиктарини хар як кабати электрони буда,он аз як s—орбитал иборат аст;p—зеркабати дуюм аз се p—орбитал иборат аст:d—зеркабати се юм аз панч d—орбитал таркиб ёфтааст:f—зеркабати чорум дорои хафт f—орбитал мебошад.Барои хар як кимати n адади ор биталхо ба n квадрат баробар аст. Билети 29 1)Корхонахои химиявии ш.Исфара:Дар шахри Исфара якчанд корхонахои химияви мавчуданд.ки махсулоти онхо барои та лаботи мо зарур аст.Заводи химиявии Исфара Г.М.З, К.С.М заводи порух ва заводи хиштбарори аз чумлаи заводхои химиявии ш.Исфара мебошанд.Химзавод махсулотхои химифви истехсол ва коркард мекунад.Г.М.З бошад гидрометаллургияи ранга ва метал мегудозад.Заводи К.С.М бошад хишти сурхи пухта истехсол мекунад,ки яке аз масолехи асоси барои сохтани манзил зарур аст.Боз заводи равганбарории Исфара ки он махсулоти шири истехсол мекунад.2)Хелхои асосии реаксияи химияви:Реаксияи химияви 4-хел мешавад:1)тачзия,2)чойгири,3)муовиза,4)пайвастшави Билети 30 1)Элементхои химияви.Аломати элементи химияви:Хар як навъи атомро элементи химияви меноманд.Бидуни калимаи «атом» дар химия калимаи «элемент»(аз лотини)-ро,ки маънояш кисми таркиби аст,истифода мебарад. Элементи химияви ин навъи муайяни атомхо мебошад.Элементи химияви ва навъи атомхо хар ду як чизанд: Хамаи атомхои оксиген новобаста аз он ки онхо ба таркиби молекулахои оксиген дохил мешаванд ё ба таркиби молекулахои об ин хамон элементи химияви (О2)аст.Элементхои химияви кисми таркибии моддаи мураккаб бу да дар холати озод моддаи соддаро тартиб медиханд.Пас мафхумхои моддаи сода ва элементи химиявиро бояд фарк кард.Хамаи элементхоро ба 2 гурух чудо мекунанд:металл ва гайриметалл.Холо 118 навъи гуногуни атом хо,яъне 118 элементи химияви мавчуданд.Аломати химиявии элемент инхоро ифода мекунад:1)номи элемент 2) 1 атоми элемент 3)1 моли атомхои элемент 4)массаи нисбии атоми элемент 4)раками атом.2)Хосиятхои химияви ва физикавии оксиген.Хосияти физикави:Оксиген гази беранг бубуй ва бемаза буда,дар об камхалша ванда аст Оксиген аз хаво Каме вазнинтар аст:1л Оксиген 1,43гр ва 1л хаво 1,29гр вазн дорад.Mr(O2)=32гр,Mr( хаво)=29гр аст.Оксиген дар шроити муътадил дар харорати -183градус моэъ мешавад ва хангоми то -218,8градус паст шудани харорат сахт мешавад.Хосияти химияви:Хангоми гарм кардан аксари моддахо бо оксиген ба ре аксия дохил мешаванд.Реаксияи ба оксиген пайваст шудани моддахоро реаксияи оксидшави меноманд.реаксияи оксидшави 3-навъ мешавад:1)Реаксияи оксидшавии моддахо ки бо ихрочи гарми ба амал меояд оксидшавии суст меноманд:пусиши мо ддахои органики.2)Реаксияи оксишавии моддахо ки бо ихрочи гарми ва равшвни ба амал меояд сузиш меноман.3)Реаксияи оксидшавии моддахо ки бо ихрочи равшани ва садо ба амал меояд,таркиш меноманд:таркидани гази металл ва хаво,таркида ни омехтаи хидрогену оксиген , | |
Просмотров: 36457 | Загрузок: 1468 | |
Всего комментариев: 0 | |