
Мафҳуми информатика бо илмхое алоќаманд аст, ки онхо ба омўзиши хосиятҳо ва тарзҳои ѓункуни, тасвир, коркард
ва ирсоли информатсия тавасути воситаҳои техники сару кор доранд. Дар мамлакатҳои англисзабон ба ҷои мафҳуми
computer science-илми компютерї мавриди истифода ќарор дорад. Асосњои назариявии информатикаро гурўҳи илмҳои
бунёди (фундаментали) ташкил менамояд, ки онҳоро дар як сатҳ ҳам ба математика ва ҳам кибернетика мансуб шумурдан мумкин аст.
Информатикунонии ҷомеа бо худ таҳаввулоти илмию техникї ва иќтисодию иҷтимоиро меоварад ки он дар навбати худ ҳаёту фаолият
ва тафакури арзиши инсонро дигаргун месозад. Тамоилот ва суръати ин дигаргуншавї аз он гувоҳи медиҳад, ки асри XXI асри информатика,
техналогия ва ҷомеаи информатсионї хоҳад буд. Техналогияи информатсиони (ТИ). ТИ маљмўи мушаххаси воситаҳои техники ва таъминоти
программавӣ буда, барои гузаронидани амалиётҳои гуногуни коркарди информатсия дар самтҳои мухталифи фаолияти инсон пешбини шудааст.
Баъзан техналоигяи информатсиониро техналогияи компютерї ё информатсияи тадбиќї низ мегўянд. Маќсади омўзиши фанни (ТИ).
Соҳаи таъмили техналогияи информатисиони ба ду ҷанба мавриди омўзиш ќарор дорад. ҷанбаи аввал ба омўзиши системаи информатсиониитасвири
олам ва ќонуниятҳои информатсиони умуми сохт ва тарзи кори системаи худидора -биологи ҷамъияти ва автомати техники бахшида шудааст.
ҷанбаи дуюми соҳаи таълимии ТИ ба омўзиши методҳо ва воситаҳои техникии дарёфт,
ѓункуни, захира, табдил, ирсол ва ва дигар воситаҳои электронии муосир бахшида шудааст.