Асосҳои информатика
Мафҳуми информатика бо илмҳое алоќаманд аст, ки онҳо ба омўзиши хосиятҳо ва тарзҳои ѓункуни, тасвир, коркард ва ирсоли информатсия тавасути воситаҳои техникӣ сару кор доранд. Дар мамлакатҳои англисзабон ба ҷои мафҳуми computer science-илми компютерӣ мавриди истифода ќарор дорад. Асосҳои назариявии информатикаро гурўҳи илмҳои бунёди (фундаменталї) ташкил менамояд, ки онҳоро дар як сатҳ ҳам ба математика ва њам кибернетика мансуб шумурдан мумкин аст. Информатикунонии љомеа бо худ таҳаввулоти илмию техники ва иќтисодию иҷтимоиро меоварад ки он дар навбати худ ҳаёту фаолият ва тафакури арзиши инсонро дигаргун месозад. Тамоилот ва суръати ин дигаргуншавї аз он гувоҳӣ медиҳад, ки асри XXI асри информатика, техналогия ва ҷомеаи информатсионӣ хоҳад буд. Техналогияи информатсиони (ТИ). ТИ маҷмўи мушаххаси воситаҳои техникӣ ва таъминоти программавӣ буда, барои гузаронидани амалиётҳои гуногуни коркарди информатсия дар самтҳои мухталифи фаолияти инсон пешбинӣ шудааст. Баъзан техналоигяи информатсиониро техналогияи компютерӣ ё информатсияи тадбиќӣ низ мегўянд. Маќсади омўзиши фанни (ТИ). Соҳаи таъмили техналогияи информатисиони ба ду ҷанба мавриди омўзиш ќарор дорад. ҷанбаи аввал ба омўзиши системаи информатсиониитасвири олам ва ќонуниятҳои информатсиони умуми сохт ва тарзи кори системаи худидора -биологи ҷамъияти ва автомати техникӣ бахшида шудааст. Ҷанбаи дуюми соҳаи таълимии ТИ ба омўзиши методҳо ва воситаҳои техникии дарёфт, ѓункунӣ, захира, табдил, ирсол ва ва дигар воситаҳои электронии муосир бахшида шудааст.
|